Лизинги киштиҳои ҳавоӣ

Агар шумо харидани ҳавопаймо ё чархболи шахсиро ба нақша гирифта бошед, пас аллакай дар давраи банақшагирӣ ба худ чунин саволро медиҳед:

Лизинги авиатсионӣ чист? Хубтар аст, ки якбора ба коршиносони ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) боварӣ кунед, зеро онҳо на танҳо фаҳмидани мафҳумҳо, балки тартиб додани лоиҳаи маблағгузорӣ, соҳибӣ, истифодабариро низ кӯмак мерасонанд ва, баъдан – созишро марҳила ба марҳила «аз ибтидо то интиҳо» амалӣ мегардонанд.

Инак, лизинги техникаи авиатсионӣ – ин тарҳи маблағгузорие мебошад, ки дар аксари вақт зимни харидани киштиҳои ҳавоӣ татбиқ карда мешавад. Он дар назар дорад, ки ҳавопаймо ё чархбол ба мӯҳлати дароз, бо ҳуқуқи пурра харида гирифтани минбаъдааш, ба иҷора гирифта мешавад. Чунин имконият ҳам ба ширкатҳои калони ҳавопаймоӣ, ва ҳам ба соҳибмулкони хусусӣ пешниҳод карда мешавад. Моҳияти созиш аз он иборат аст, ки ҳавопайморо бонк ё дигар муассисаи калони маблағгузор харида гирифта, пас онро ба иҷора месупорад. Пас аз сипарӣ гаштани вақти муқарраршуда иҷорагир, маблағи боқимондаро пардохт намуда, соҳиби киштии ҳавоӣ мешавад. Ҷет аввалан аз они лизингдиҳанда шуда метавонад, агар ба сифати он истеҳсолкунанда баромад кунад. Нақшаи монандбуда зимни харидани яхтаҳо ё дигар сармояи калон низ татбиқ карда мешавад.

Таъминоти ҳуқуқӣ

Лизинги техникаи авиатсионӣ дар Россия, ба мисли ҳар як кишвари дигар, бидуни дастгирии ҳуқуқӣ имконнопазир маҳсуб меёбад. Маркази байналмилалии ҳуқуқии AVIAV TM (Cofrance SARL) ҷиҳати бастани чунин шартнома кӯмак мерасонад. Тарзи дуруст интихобгардидаи маблағгузорӣ – ин таҳкурсии муваффақиятҳои минбаъда зимни истифодабарӣ мебошанд. Мутахассисони ширкат

  1. лизингдиҳандаро тавсия мекунанд,
  2. дуруст тартиб додани шартномаро кӯмак мерасонанд,
  3. давраҳои иҷроиши онро назорат мебаранд.

Лизинги техникаи авиатсионӣ – ин фақат яке аз самтҳои фаъолияти AVIAV TM (Cofrance SARL) мебошад. Тибқи хоҳиши мизоҷ ширкат созиши хариду-фурӯшро аз ибтидо то интиҳо бурда мерасонад:

  1. ҷиҳати интихоб кардани навъи киштии ҳавоӣ ёрӣ медиҳем,
  2. экспертизаи техникӣ ва парвози тестиро ташкил мекунем,
  3. ҳуҷҷатҳоро тартиб медиҳем,
  4. ҳавопайморо ба қайд мегирем,
  5. суғуртаи киштии ҳавоиро тартиб медиҳем,
  6. андозҳою боҷро пардохт мекунем,
  7. барои парвозҳо иҷозат мегирем,
  8. бизнес-ҷетро зери менеҷменти тиҷоратӣ қарор мегирем.

Афзалиятҳои лизинг

Як чанд нақшаҳои маблағгузорӣ мавҷуд мебошанд, аммо, лизинги байналмилалии техникаи авиатсиониро аксарият ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва соҳибмулкони хусусӣ интихоб мекунанд. Ҳавопаймоҳо ва чархболҳо миллионҳо, даҳҳо ва садҳо миллион доллар арзиш доранд. Якбора пардохт намудани чунин харид, ҳатто барои корпоратсияҳои калон, амали номувофиқ аст. Гирифтани қарз на ҳама вақт қулай мебошад. Ба ғайр аз ин, соҳибмулкон мехоҳанд, ки киштиҳои ҳавоӣ аввал аз ҳисоби истифодабарии тиҷоратӣ фоида оваранд.

Ҳамин тавр, лизинги авиатсионӣ – ин роҳи оптималӣ аст: он имконият медиҳад, ки ҳавопаймо ба пуррагӣ харида нашуда, мавриди истифодабарӣ қарор гирад ва фоидаро ба даст оварад. Пардохти иҷора бо даромад подош мегардад ва, агар киштии ҳавоӣ ба хотири мақсадҳои хусусӣ харида мешавад, пас чунин нақшаи маблағгузорӣ имконият медиҳад, ки ҳамаи маблағ пурра ва якбора пардохт карда нашавад.

Дар баъзе ҳолатҳо шартнома дасткаширо аз харид пешбинӣ мекунад, ки дар ин сурат иҷорагиранда ҳавопайморо пас аз истифодабарӣ бармегардонад. Варианти фоидабахш интихоб карданро мутобиқ ба шароити шумо мутахассиси AVIAV TM (Кофранс SARL) кӯмак мерасонад.

Намудҳои лизинг

Шакли аз ҳама машҳури маблағгузорӣ – ин лизинги тари авиатсионӣ мебошад. Он пешбинӣ мекунад, ки киштии ҳавоӣ ба иҷора дар ҳолати барои истифодабарӣ пурра омодашуда: бо бақайдгирӣ, экипаж, ҷои таваққуф, маркази хизматрасонӣ, суғурта, гирифта мешавад, яъне – аз рӯзи нахустин истифодабарии тиҷоратиро оғоз кардан мумкин.

Лизинги тари авиатсионӣ  – ин имконияти бастани шартномаи на фақат дарозмуддат, балки кӯтоҳмуддат: аз 1 моҳ то ба ду сол, мебошад. Варианти мазкур барои он ширкатҳои ҳавопаймоӣ муносиб аст, ки вусъат додани парки киштиҳои ҳавоиро дар вақти таътили тобистон хоҳиш мекунанд.

Дар ин ҷо як намуди дигари самти мазкур – ба ном лизинги нам вуҷуд дорад, ки дар  Британияи Кабир ва баъзе кишварҳои дигари Аврупо татбиқ карда мешавад. Фарқи лизинги мазкур дар он аст, ки иҷорагиранда ходимони ҳавопаймо (стюардҳо)-ро худ киро мекунад, – чунин шакл аксаран зимни санҷиши имкониятҳои ширкати ҳавопаймоӣ ё ин ки дар сурати хариданни ҳавопаймои ҳавоии хусусӣ истифода карда мешавад.

Шакли нисбатан камтар машҳури иҷора – ин лизинги хушки техникаи авиатсионӣ маҳсуб меёбад. Он дар назар дорад, ки фақат киштии ҳавоӣ киро карда мешавад. Бақайдгирӣ, ҷустуҷӯи экипаж ва ширкати хизматрасон, суғуртакуниро иҷорагиранда мустақилона ба амал мерасонад.

Чунин вариант арзонтар мебошад ва, дар сурати мусоидат кардани ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) метавонед ба осонӣ расмиятҳоро ҳалу фасл намоед ва амалҳои заруриро иҷро намоед. Дар бисёри вақт онро шахсоне интихоб мекунанд, ки бизнес-ҷетро барои саёҳатҳои шахсӣ мехаранд. Аксаран ба сифати лизингдиҳанда худи истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳо баромад мекунад.

Афзалиятҳои мо

Гирифтани киштии ҳавоӣ ба лизинг — AVIAV TM

  1. AVIAV TM (Кофранс САРЛ) ҷиҳати ба лизинг гирифтани тамоми навъҳои киштиҳои ҳавоӣ кӯмак мерасонад:

— чархболҳо,

— ҳавопаймоҳои авиатсияи сабук,

— киштиҳои ҳавоӣ барои рейсҳои мусофиркаш,

— ҳавопаймоҳо ва чархболҳои боркаш,

— бизнес-ҷетҳои хусусӣ,

— таҷҳизотҳои авиатсионӣ.

      1. Мо лизинги авиатсиониро дар Россия ва дар ҳар кишвари дигари ҷаҳон амалӣ мегардонем. AVIAV TM (Cofrance SARL) намояндагиҳои расмиро дар 117 давлатҳо ва 35 шаҳрҳои ФР дорад.
      2. Бо мо тариқи телефони бевоситаи шаҳри шумо алоқа кардан қулай аст: операторон ба таври шабонарӯзӣ дар тамос қарор доранд.
      3. Менеҷери шахсӣ дар бораи ҳамаи давраҳои созиш хабар медиҳад.
      4. Ҳуқуқшиносони авиатсионӣ маслиҳати нахустини ройгонро пешниҳод намуда, баъдан муддати тамоми ҷараён мушоиат мекунанд ва бастаҳои мураккаби ҳуҷҷатҳоро тартиб медиҳанд.
      5. Экспертони молиявӣ ҷиҳати муайян кардани шартҳои оптималии иҷора кӯмак мерасонанд ва хароҷотҳо ва даромади дарпешистодаро ҳисоб мекунанд.
      6. AVIAV TM (Cofrance SARL) – аъзои ассотсиатсияҳои маъруфи байналмилалии ЕВАА, NВАА, сектори пешсафи бехатарии Wyvern Ltd ва маркази аудитории ARGUS International, иштирокчии доимии – ANACOFI – ташкилоти калонтарини иштирокчиёни касбии бозори Суғуртавӣ, Бонкӣ, Молиявӣ-Сармоягузорӣ мебошад.

Дар ҳар кадом нуқтаи сайёра қарор дошта,

бо мо ҳамкорӣ кардан қулай аст.

Ба  AVIAV TM (Cofrance SARL) имрӯз муроҷиат кунед: мо ба тамоми саволҳое, ки ба лизинги авиатсионӣ тааллуқ доранд, ҷавоб хоҳем дод.